Тамрини дастаи Афғонистон дар Душанбе

Январь 13, 2015 09:45

Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ба иттилои  Кумитаи миллии олимпии кишвар Федератсияи футболи Афғонистон аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ҷамъомади таълимиву тамриниашро аз 21-ум то 27-уми январи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардонад.
Гуфта мешавад, ки ҷамъомади таълимиву тамринии тими мунтахаби Афғонистон дар Душанбе дар доираи омодагии дастаи миллии Афғонистон ба бозии расмии дӯстона бо тими мунтахаби миллии Покистон, ки 6-уми феврал дар Исломобод барпо мегардад, анҷом дода мешавад. 
Ёдовар мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон сар аз соли 2005 ҳамагӣ панҷ бор бо ҳам рақобат кардаанд, ки чортоаш дӯстона ва яктоаш расмӣ буд. Дар ҳамаи бозиҳо футболбозони тоҷик пирӯз шудаанд. Дар айни ҳол дар рейтинги ФИФА дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 136-ум ват ими  мунтахаби Афғонистон дар ҷойи 142-юм қарор доранд.

Январь 13, 2015 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад