Ташхиси маводи доруворӣ дар Кӯлоб

Январь 6, 2015 11:51

Кӯлоб, 06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар айни ҳол 231 дорухона ва се корхона оид ба коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ фаъолият дорад. Ҷиҳати пешгирии фурӯшу истифодаи маводи дорувории пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта мутахассисони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар минтақаи Кӯлоб соли 2014 дар дорухонаҳои мазкур ва муассисаҳои табобативу профилактикӣ санҷишҳо доир намуда, тибқи санад аз дорухонаҳо дар маҷмӯъ 919 номгӯй маводи дорувориро ба миқдори 66 ҳазору 180 адад, ки маблағи  он 91 ҳазору 338 сомониро ташкил медиҳад, аз фурӯш боздошта, сӯзониданд.
 Аз тарафи мутахассисони соҳа дар ин давра барои ислоҳи камбудии ҷойдошта ба мудирони 9 дорухона, 21 муассисаи табобатӣ ва 33 дӯкони фурӯши маводи ороишӣ, ҷамъ 63 адад амрнома пешниҳод шуд.
Дар соли 2014  аз 231 дорухона 102-тоаш бо компютер ҷиҳозонида шуда, дар  64-тои он суроғаи электронӣ кушода шуд. Дар самти ташхиси сифати маводи доруворӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Хадамоти  назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ озмоишгоҳи намояндагии хадамот ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ бо дастгоҳу тачҳизоти муосири соҳавӣ таъмин шуд. 
 
 

Январь 6, 2015 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид