Ташкилотҳои сохтмонӣ муҷозот шуданд

Январь 14, 2015 16:04

Душанбе,  14.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина Эрлих).- Соли  2014 дар  ҷараёни  тафтиши иншоотҳои  сохтмонии  64 шаҳру  ноҳияҳои  ҷумҳурӣ бархе  ташкилотҳои  сохтмонӣ   барои паст  будани  сифати  сохтмон  ба  маблағи  643 ҳазору  40  сомонӣ  муҷозот  шуданд. 
Раиси Кумитаи  меъморӣ  ва  сохтмони назди Ҳукумати  ҶТ  Абдувалӣ  Комилзода  дар нишасти  матбуотӣ, ки  имрӯз,  14  январ,  баргузор гардид,  дар  ин  бора   хабар  дод. 
Дар  нишасти  матбуотӣ  зикр  шуд, ки  барои  фаъолияти  сохтмонию  меъмории  ҷумҳурӣ 342 ҷавознома,  аз ҷумла,  барои   шаҳри  Душанбе  148,  вилояти  Суғд 65,  вилояти  Хатлон  57,  ноҳияҳои  тобеи  ҷумҳурӣ  56  ва  ВМКБ  16  ҷавознома  ҷудо  карда шуд. 
Ғайр  аз  ин дар  давраи  ҳисобот  барои рӯи  кор овардани  муоинаи  давлатӣ  ба кумита  593  лоиҳа  пешниҳод  гардида,  аз ҷумлаи он  552  лоиҳа  муоина  шуда,  5  лоиҳа  аз  муоина   нагузашта,  22  лоиҳа   дар  марҳалаи  баррасӣ қарор  дошта  ва  14  лоиҳа  лағв  шудааст. 

Январь 14, 2015 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид