Таъсиси Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ

Январь 19, 2015 10:44

Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар соли 2014 дар вилояти Суғд як силсила корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин сол бо ташаббуси раиси вилоят Муассисаи давлатии «Маркази илмии ба номи Камоли Хуҷандӣ» таъсис дода шуд, ки ин иқдом боиси қаноатмандии шоирону адибон ва аҳли фарҳанги  вилоят гардид. Дар охири моҳи декабри соли 2014 Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» нахустконфронси илмиро таҳти унвони «Камоли Хуҷандӣ ва рушди адабу фарҳанги миллӣ» баргузор намуд. Ҳадаф аз таъсиси марказ омӯзиш ва ҷамъоварии осори Камоли Хуҷандӣ буд.
Алҳол як нусха аз девони хаттии Камоли Хуҷандӣ, ки дар китобхонаи остони Қудси Разавӣ таҳти шумораи 527 нигаҳдорӣ мешавад, дастрас гардидааст. Масъулини муассиса бо роҳбарии профессор Фахриддин Насриддинов барои овардани шаш нусхаи дигар, ки дар китобхонаҳои кишвари Эрон маҳфуз аст, талош доранд. Дар самти ҷамъоварии нусхаҳои хаттии девони Камоли Хуҷандӣ бо раёсати китобхонаи Маҷлиси Шӯрои исломии Теҳрон гуфтугузор сурат гирифт. 
Гуфта мешавад, ки ҳафтаи оянда аз ҷониби намояндагони Теҳрон нусхаи 2 адад дастхати Камоли Хуҷандӣ ба Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» дастрас мешавад.
 

Январь 19, 2015 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад