Технологияҳои инноватсионӣ оид ба коркарди хок

Январь 15, 2015 14:33

Душанбе, 15.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои минтақа ва ноҳияҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ нақшаи ҷойгиркунии зироатҳои кишоварзиро тарҳрезӣ ва ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод кардааст.
Дар натиҷаи тадқиқот 10 технологияи инноватсионӣ, оид ба коркарди сифрии хок бо кишти зироатҳои кишоварзӣ дар заминҳои лалмӣ ва дар кишти такрорӣ;  ташкил ва парвариши зинабоғҳои себу зардолу бо истифодаи ниҳолҳои кадпаст дар заминҳои наздиҳавлигӣ;- парвариши генеративии картошка  аз тухмакҳои ботаникӣ;- истеҳсоли микролӯндаҳои картошкаи солим  дар шароити хоҷагӣ; парвариши тагпайвандҳои ниҳолҳои қадпаст бо истифодаи каламчаи реша ва истеҳсоли чор намуди ваксинаю доруҳои биокимиёвӣ бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ тарҳрезӣ шуд. Самараи иқтисодии технологияҳо ба як сомонии сафаргардида 6-7 сомониро ташкил менамояд. Навигарии тадқиқоти илмӣ бо 15 патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ тасдиқ  шуд.

Январь 15, 2015 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад