Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ
Душанбе, 21.01.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон, ки дирӯз 20-уми январ дар бозии севумаш дар Ҷоми Иттиҳод-2015 дар Санкт-Петербурги Русия бар дастаи Литва бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар ин гурӯҳ дастаи Тоҷикистон бо 6 имтиёз мақоми аввал ва Африқои Ҷанубӣ бо 5 имтиёз мақоми дувумро касб карда, ба чорякфинал баромаданд. Инчунин тими мунтахаби Қазоқистон, ки бо чор имтиёз севум шуд, ба ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ мушарраф гашт.
Аз гурӯҳи «А” дастаҳои Беларус ва Туркманистон, аз гурӯҳи «В” дастаҳои Қирғизистон ва Русия ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Рақиби Тоҷикистон дар чорякфинал тими мунтахаби Туркманистон мебошад. Ин бозӣ имрӯз 21-уми январ шурӯъ мешавад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






