«Тоҷикматлубот»: Мушкилии мо кам будани нуқтаи ярмаркаи хӯрокворист

Январь 16, 2015 16:47

 Душанбе, 16.01.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).-Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  аз ниҳодҳои асосие мебошад, ки ҷиҳати   таъмин  намудани  аҳолӣ  бо маҳсулоти  ниёзи  аввал  ва бо нархи нисбатан арзон   ба фурӯш гузоштани он саҳми муҳим мегузорад. Чунин ҳадафҳо маҳз  тавассути  ташкил намудани ярмаркаҳои маводи  ғизоӣ   дар  шаҳру навоҳии кишвар амалӣ мегардад. Аммо масъулин иброз доштанд, ки барои ташкил намудани ярмаркаҳои маводи ғизоӣ, хусусан дар бозорҳо кифоя набудани ҷой ба  мушоҳида мерасад. 
       Номбурда инчунин афзуд, ки барои зиёд намудани муҳлати ярмаркаҳои маводи ғизоӣ дар шаҳру навоҳии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. «Пешниҳод мекунем, ки дар  дарвозаҳои даромади шаҳри Душанбе замин диҳанд, ки мо ягон бозори яклухтфурӯш ташкил кунем, то ярмаркаҳо якрӯзаву дурӯза набуда, балки доимӣ бошанд»,-иттилоъ дод  Гулнора Кокова.
       Дар соли  2014 ҷиҳати таъмини аҳолӣ дар фасли сармо ва пешгирии болоравии нархҳо 29 352 тонна маҳсулот захира шудааст.
 

Январь 16, 2015 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид