Турсунзода: Хатнатӯи 20 нафар кӯдаки ниёзманд

Январь 7, 2015 11:46

Душанбе, 07.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Рафоати Абдулҳамид).- Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони шаҳри Турсунзода хатнатӯи 20 нафар кӯдаки оилаҳои ниёзманд ба таври дастаҷамъона гузаронида шуд. Барои ин оилаҳо дар тарабхонаи «Суруш» дастурхони идона ороста шуд. Шодиву нишоти қариб 20 нафар тифлаки хуштолеи шаҳри Турсунзода дар ин рӯз ҳадду канор надошт, зеро хатнатӯи онҳо бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд. 
Бо ташаббуси соҳибкорон дар ҳамбастагӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ хатнатӯи оилаҳои ниёзманд дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барпо гардид. 
Дар баробари барпо намудани тӯи хатнасур, ҳамзамон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон ба кӯдакон  либос ва туҳфаҳои кӯдакона тақдим шуданд. 
 
 
 

Январь 7, 2015 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад