Варзиш зидди нашъамандист

Январь 30, 2015 12:16

Душанбе, 30.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз дар маҷмааи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ чорабинии варзишӣ бахшида ба оғози Мусобиқаи футболи хурд (футзал) барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» байни сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар муассисаву идораҳои давлатӣ ва ҳавасмандони футбол доир гардид.
ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки дар  чорабинии варзишӣ вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Хидирзода Мағфират Умар, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати ҶТ Холиқзода Абдураҳим, намояндаи Сафорати ИМА дар ҶТ Марк Вуд, директори минтақавии Хазинаи ҳифзи атфол дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Мария Каливис ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғози нахустин мусобиқаи футболи хурдро дар соли 2015 ба ҳозирин муборакбод гуфт.

Январь 30, 2015 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!