ВКД: Ташкили навбатдорӣ барои гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ

Январь 2, 2015 16:00

Душанбе, 02.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки аз 1-уми январи соли 2015 тамоми шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия мераванд ва ё ба дигар давлатҳо сафар менамоянд, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ (биометрӣ) метавонанд сафар кунанд.
ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки бо Фармони вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шаҳри Душанбе ва тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ навбатдории 24-соата барои мусоидат намудан ба шаҳрвандон барои гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ (биометрӣ) ташкил шудааст. Аз ҷумла, дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ низ ташкил гардидааст.
«Ғайр аз ин, ба тамоми хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷузъу томҳои он  дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ супориш дода шудааст, ки ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонро омода сохта, ба шаҳри Душанбе барои барасмиятдарории шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ (биометрӣ) ирсол намоянд», — хабар медиҳад манбаъ.
 

Январь 2, 2015 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад