Восеъ: мактаб-интернатҳо таъмир мешаванд

Январь 19, 2015 12:00

Восеъ,  19.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар нохияи Восеъ ду мактаб- интернат мавҷуд аст, ки дар онҳо беш аз 500 нафар тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Тайи солҳои охир  биноҳои мактаб- интернатҳо ба таъмири асосӣ фаро гирифта шуда, онҳо бо хати тозаи барқ пайваст гардиданд. Дар интернати хонандагони лаёқатманди ба номи Ғоиб Сафарзодаи ноҳияи Восеъ бо фармоиши дирексияи сохтмони иншооти хукуматии Дастгохи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҶДММ «Сохтмони Кулиён» таъмири асосӣ ва бунёди иншооти ёрирасонро пурра ба анҷом расониданд. 
Муассисаи мазкур солҳои тӯлонӣ таъмир нашуда буд ва дар ҳолати ҳузнангезу ногувор қарор дошт. Баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳо  шароити таълимию маишии тарбиятгирандагон бехтару хубтар ба рох монда шуда, соли таҳсили 2014-2015 шумораи хонандагон дар ин муассиса зиёд гардид.

Январь 19, 2015 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид