Ёрии «Сомон Эйр» барои бунёди дегхона

Январь 5, 2015 14:46

Душанбе,  05.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло  Тоирӣ).- Ширкати  ҳавопаймоии  «Сомон Эйр» ба мактаб — интернати рақами 55  ёрии  молиявӣ  расонид. 
Роҳбарияти ин  мактаби  махсус  дар  арафаи  соли  2015  хоҳиш  намуда буд, ки ба дастпарваронаш  ёрии  молиявӣ  расонида  шавад. Ширкати  «Сомон Эйр» ин  хоҳишро  пазируфта,  ба  мактаб — интернат  дар  ҳаҷми  8  ҳазор  сомонӣ  ёрии  молиявӣ  расонид. 
Маблағҳои  зикршуда   барои  эъмори  дегхона, ки  барои  мактаб — интернат  аҳамияти  зиёде  дорад, мавриди  истифода  қарор  гирифтанд. 
Тавре ки  аз хадамоти  матбуоти ширкати  ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  хабар доданд,  намояндагони   ширкат  дастпарварони   мактаб — интернатро  шахсан  муборакбод  карда, ба  ҳар  кадоми онҳо  тӯҳфаҳои  солинавӣ  тақдим  намуданд. 
Мувофиқи маълумоти ширкати   ҳавопаймоии  «Сомон Эйр»,  имрӯз  ҳавопаймоҳои он  дар  хатсайрҳои Олмон, Аморати  Муттаҳидаи  Араб,  Туркия,  Чин, Русия  ва  Қазоқистон  парвоз  мекунанд.

Январь 5, 2015 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид