Қадрдонии «Дружиначиёни ихтиёрӣ» аз ҷониби милитсияи тоҷик

Февраль 25, 2015 15:06

Душанбе, 25.02. 2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва  кормандони ғайриштатии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2014 бо иштироки вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Рустам Аҳтам, сардорони раёсатҳо, аъзои дружинаҳои халқӣ ва сардорони ситодҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар ҷаласа Р. Раҳимзода зикр кард, ки: «Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти сокинони кишвар, риояи қонуният ва мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ бе иштироки шаҳрвандон ғайриимкон аст. Такя намудан ба кумаки шаҳрвандон ва  ташкилоти ҷамъиятӣ аз шартҳои  муҳим ва самараноки  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба огоҳонидан ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ба ҳисоб меравад». 
-Мавриди тазаккур аст, ки аз ҳисоби аҳли ҷомеа хоҳишмандоне, ки мехоҳанд нақш ва ҳиссаи худро ба ҳайси кормандони ғайриштатии милитсия ва дружинаҳои ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон гузоранд, рўз аз рўз зиёд шуда истодааст.
Ин далели он аст, ки фарзандони баномуси миллат дар шукуфоии Ватани худ ҳисса мегузоранд ва манфиатдор будани худро дар ин раванд нишон дода истодаанд»,- афзуд Р. Раҳимзода.
Дар хотимаи чорабинӣ бо фармони вазири корҳои дохилӣ як гурӯҳ кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ, ки дар пешгирии ҷинояткорӣ ва дастгир намудани ҷинояткорон фаъол буданд, бо туҳфаҳои арзишнок ва хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. 
 
 

Февраль 25, 2015 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид