Ҳалокати 600 нафар дар Ҳиндустон

Февраль 18, 2015 14:34

Душанбе,18.02.2015. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-    Ҳукуматдорони Япония нақша доранд, ки 15 миллион доллари амрикоӣ маблағ барои мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро ба неруҳои қудратии кишварҳои Шарқи Наздик кумак расонданд. Бояд гуфт, ки маблағи ҷудошуда аслан барои безараргардонии  ифротгароёни «Давлати исломӣ» мебошад, чунки  ду моҳ қабл дар Сурия ифротгароёни «Давлати исломӣ» ду шаҳрванди Японияро ба қатл расонданд.
     Душанбе,18.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи  итттилои Вазорати тандурустии Ҳиндустон аз аввали соли ҷорӣ то ҳол дар кишвар  аз вируси «Аш 1 Эн 1» қариб 600 нафар ба ҳалокат расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки ин намуди зуком аз соли 2009-ум дар ин кишвар  хурӯҷ  намуда, то ҳол идома дорад. Аз ҳама ҳолати нигаронкунанда дар штатҳои қисми ғарби Раҷастан ва Гуҷарат ва штати Мадҳия-Пардеш, воқеъ дар қисми маркази Ҳиндустон ба назар мерасад. 
   Душанбе,18.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар як силсила штатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муддати чанд рӯз аст, ки дар муҳосираи бориши барфи зиёд ва сардӣ қарор доранд. Сардии ҳаво ва яхбандӣ дар штатҳои Миссури, Арканзас, Огайо, Кентукки ва Индиана бештар ба назар мерасад. Бояд гуфт, ки дар шаҳри Вашингтони Амрико низ  вобаста ба сардии ҳаво ҳолати фавқулода эълон шудааст. Ҳукуматдорон фаъолияти муассисаҳои таълимиро то муҳайё гардидани шароити мусоид қатъ намуданд.
Душанбе,18.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си дар Либерия пас аз шаш моҳи таваққуф фаъолияти таълимгоҳҳо боз  ба роҳ монда шуд. Ҳукуматдорони кишвар сабаби қатъ шудани фаъолияти таълимгоҳҳоро  дар робита ба хурӯҷи вируси Эбола меҳисобанд. Тибқи иттилои  Созмони байналмилалии тандурустӣ  дар Либерия бар асари табларзаи Эбола 3 ҳазору 800 кас ба ҳалокат расидааст.
 
 

Февраль 18, 2015 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид