Ҷузъи таъйиноти махсуси лижаронӣ дар ҳайати қӯшунҳои зудамал

Февраль 21, 2015 10:11

Душанбе, 21.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Бо назардошти он  ки қисми низомии 02011-и қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар баландкӯҳи яке аз минтақаҳои дурдасти кишвар қарор дорад, дар ҳайати он аз ҳисоби як взвод ҷузъи таъйиноти махсуси лижаронҳо ташкил гардид, ки машғулиятҳои ҳамарӯзаи сарбозони ин ҷузъи таъйиноти махсус дар барномаи таълимӣ роҳандозӣ шудааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, талаботе, ки тибқи соатҳои дарсӣ ва дар доираи нақша тасдиқ гардидааст, дар сатҳи зарурӣ ва ба таври назариявию амалӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.
Ба ҳар як дарс афсари масъул вобаста гардида, талаботи муқараргардида қатъӣ риоя мешавад, чунки баъди анҷоми ҳама гуна машғулиятҳои ҳарбиву ҷисмонӣ ҳар як афсару сарбоз санҷиш месупорад. Ба андешаи сарбозони ин ҷузъи таъйиноти махсус истифода намудани асбобҳои лижаронӣ дар навбати аввал хеле мушкил менамояд.
Вале бо сайъу кӯшиши ҳамаҷониба ва дар муддати кӯтоҳ ин сарбозон на танҳо истифода намудани он, балки бо аслиҳаи оташфишон мусаллаҳ ва борхалтаи саҳроӣ дар пушт, ки на кам аз 20 кг вазн дорад, аллакай метавонанд асбобҳои лижарониро дар кӯҳистони душворгузару ноҳамвор истифода намоянд. Ҳатто зимни доир кардани амалиёт тирпаронӣ кунанд. Барои будубоши ҳайати шахсӣ дар ин қисми низомӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Тавре ки масъули қисми низомии мазкур Шоҳин Ҳафизов ба мо иттилоъ дод, новобаста аз сардии боду ҳавои ин минтақа, барои сарбозон дар ин ҷузъи ҳарбӣ тамоми воситаҳои гармидиҳӣ, ошхонаи кушоду барҳаво, майдончаҳои тактикиву оташфишонӣ ва дигар шароити рӯзмарраи хизматӣ муҳайё мебошад.

Февраль 21, 2015 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид