5 млн. сомонӣ барои таъмири роҳи Зафаробод-Дӯстӣ

Февраль 26, 2015 09:44

Душанбе, 26.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод 24-уми феврал раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба таъмиру навсозии роҳи Зафаробод-Дӯстӣ, ки қисми аҳолии ноҳияро аз шаҳраки Зафаробод то ҷамоати деҳоти Дӯстӣ ба ҳам мепайвандад, оғоз бахшид. Дар доираи барномаи идомаи соли роҳҳои обод роҳи мазкур ба масофаи 27,6 километр мумфарш  мешавад. Ин роҳ беш аз сӣ соли охир ба таъмири пурра фаро гирифта нашудааст ва барои ин кор аз буҷети вилоятӣ 5 миллион сомонӣ ҷудо  мешавад.
«Соли ҷорӣ дар баробари ободонии роҳҳо иқдоми дигари созанда низ дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод амалӣ  мешавад», — таъкид намуд, зимни суҳбат раиси вилоят. Аз соҳибкорон ва мардуми ноҳия даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ин ташаббус дар таъмиру ободонии роҳҳои дохилии ҷамоатҳо ҳиссагузор бошанд.
Тибқи нақшаи таҳияшуда дар Зафаробод аз 392 километр масофаи умумии роҳҳо 168 километри онҳо таъмирталаб мебошанд, ки соли равон таъмири асосӣ, ҷорӣ ва шағалпӯш хоҳанд шуд. 
 
 
 
 

Февраль 26, 2015 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад