Афзоиши майли сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон

Февраль 16, 2015 13:49

Душанбе, 16.02.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ). -Имрӯз дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт мулоқоти муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Назарзода Ризо Шодӣ ва Cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қувайт  Зубайдулло Зубайдов бо гурӯҳи коршиносон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ  ва рӯзноманигорони давлати Қувайт баргузор гардид. 
Масъулин мақсади мулоқотро омӯхтани бозори туристии мамлакат ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахши туризми воридотӣ арзёбӣ намуданд. 
Зимни мулоқот аз ҷониби ширкатҳои туристии кишвар имкониятҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ва хатсайрҳои ҷолибу минтақаҳои зебои Тоҷикистон муаррифӣ  шуданд.   
Ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷониба  дар соҳаи туризм ҳавасмандӣ ва омодагии худро баён доштанд.  
Коршиносону рӯзноманигорон қувайтӣ аз 16 то 20 феврали соли равон ҷиҳати ташкили хатсайрҳо барои шаҳрвандони қувайтӣ  ба Тоҷикистон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии кишвар дидан намуда, бо расму оин ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик аз наздик ошноӣ  пайдо хоҳанд кард.  
Лозим ба ёдоварист, ки гурӯҳи кории соҳаи сайёҳии давлати Қувайт, ки иборат аз 21 нафар мебошад, баъд аз ташкили намоишгоҳи туристӣ  ва нишасти ширкатҳои туристии Тоҷикистон дар давлати Қувайт, ки 22-  25 ноябри соли 2014 сурат гирифт, ба Тоҷикистон ташриф овард. 
Дар ин бора Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод.
 
 
 
 
 

Февраль 16, 2015 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид