Анҷоми лоиҳаи кумаки бебозгашти Ҷопон дар Балҷувон

Февраль 19, 2015 14:49

Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода) . — Маросими бо муваффақ  анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони бинои иловагӣ барои Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон» дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон 18 феврал баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо анҷоми лоиҳа бинои нав барои Беморхонаи марказӣ дар ҳудуди худи беморхона сохта шудааст. Бинои навбунёд дорои 8 ҳуҷра мебошад, ки дар он ҳуҷраи ташхис ва муолиҷа барои шуъбаи акушерӣ ва гинекологӣ, ҳуҷраи касалиҳои сирояткунанда, дандонпизишк, ҷарроҳӣ ва урологӣ ҷой гирифтааст. 
Мавриди зикр аст, ки дар доираи барномаи кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои ҳукумати ноҳияи Балҷувон 102 ҳазору 371 доллари ИМА ҷудо гардид.

Февраль 19, 2015 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид