Аз «Белий аист» ҳазар кунед!

Февраль 18, 2015 12:50

Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Агентии стандартизатсия,  метрология,  сертификатсия  ва  назорати  савдо («Тоҷикстандарт»)  дар  вилояти  Суғд  миқдори  зиёди  нӯшокиҳои  спиртдорро  аз  қабили  коняки  «Белий аист» ва  арақи «Пшеничная» ошкор намуданд, ки  ба  стандартҳои  дахлдор  мутобиқат надоранд. 
Мувофиқи  маълумоти  манбаъ,  дар  ҷараёни  санҷиши  корхонаи Ҷамъияти  масъулияташ  маҳдуди «Шоҳин» қонуншиканиҳои  мухталиф,  аз ҷумла  риоя нашудани  стандартҳои  байналмилалӣ ошкор гардиданд.
Масалан,  дар анбори  корхонаи  зикршуда 1 ҳазору 834  воҳиди  коняки «Белий  аист»  пайдо гардид, ки дар зарфи  полиэтиленӣ  ҷой  шудааст. Дар  ин ҷо  ҳамчунин  беш  аз  9  ҳазор  зарфи  пластмасии  дорои  арақи «Пшеничная»  пайдо  гардид. 
Санҷиши  маҳсулоти  спиртдор  идома дошта,  ба  гуфтаи  мутахассисон  арақу  коняк  бояд  фақат  дар  зарфҳои шишагин ҷой дода шаванд. 

Февраль 18, 2015 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид