«Баракат» ва «Интермёд» дар «ПРОДЭКСПО — 2015» иштирок мекунанд

Февраль 4, 2015 15:15

Душанбе,  04.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).-  2  феврал  дар  шаҳри  Душанбе мулоқоти иштироккунандагони  Намоишгоҳи  махсуси байналмилалии   маводи  озуқа, нӯшокиҳо ва ашёи  хоми онҳо «ПРОДЭКСПО — 2015» баргузор гардид. Ёдовар  мешавем, ки  намоишгоҳ аз  9 то  13  феврал дар Маркази  содироти  шаҳри  Маскав  доир мегардад.
Дар  мулоқот  сардори  шӯъбаи   кор  бо аъзои  ПСС ҶТ  Сайёра  Абдуллоева,  мушовири  бахши хидматрасонии лоиҳаи Барномаи  рушди  СММ  Рустам  Шодибеков,  сардори  шӯъбаи фаъолияти  намоишгоҳу  ярмаркаҳои ПСС ҶТ  Дилшод  Мирсаидов,  сардори  шӯъбаи  танзим  ва назорати  содиротии Раёсати  ташкили   назорати   гумрукии Хадамоти  гумруки   назди Ҳукумати  ҶТ  Ризо  Содиқов, ҳамчунин роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии   пӯшидаи Корпоратсияи «Баракат» Пардаалӣ Алимардонов ва директори Ҷамъияти  саҳҳомии  кушодаи  «Интермёд»  Талбӣ  Шоев ширкат  доштанд.
Тавре  ки  аз  ПСС ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»   хабар  доданд, калонтарин  дар  Русия  ва  Аврупои  Шарқӣ  форуми   байналмилалии «ПРОДЭКСПО — 2015»  воқеаи  асосии  ҳарсолаи  бахши  маводи  озуқа  ва  нӯшокиҳо маҳсуб  меёбад. 
Сардори  шӯъбаи  кор  бо  аъзои  ПСС Тоҷикистон  Сайёра  Абдуллоева  изҳори  умедворӣ  намуд, ки  иштироки истеҳсолкунандагони  маводи  ғизоии Тоҷикистон  дар фаъолияти  «ПРОДЭКСПО — 2015» ва бастани  қарордоду  шартномаҳои  муфид  ба татбиқи  лоиҳаҳои афзалиятноки   миллӣ  ба  манзури  таҳкими   рақобатпазирии маҳсулоти бехатар ва аз  нигоҳи  экологӣ  тозаи   кишвар   дар   бозори  ҷаҳон мусоидат  мекунад.

Февраль 4, 2015 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид