Барфрезии шадид ва бастани роҳҳо дар Бадахшон

Февраль 23, 2015 15:32

Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Бар асари барфрезии шадиди чанд рӯзи охир дар Бадахшон роҳи Хоруғ-Душанбе, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим баста шудааст. Тибқи иттилои Ориф Нозимов, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар  дар айни замон дар самти роҳи Душанбе-Хоруғ, дар километри 471, 472-и мавзеи дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, мавзеъҳои Санободу Пастхуфи ноҳияи Рӯшон низ бар асари фаромадани тарма роҳ муваққатан баста мебошад. 
«Дар роҳи Хоруғ-Мурғоб дар километри 634, 635 ва роҳи Хоруғ-Ишкошим дар километри 5,6,8 низ фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст. Дар мавзеъҳое, ки тарма фаромадааст, наҷотдиҳандагони ситоди кумита барои бартараф намудани оқибатҳо фаъолият бурда истодаанд»,-мегӯяд О. Нозимов.
Манбаъ хабар дод, ки дар айни ҳол ҳаракат дар шоҳроҳҳои дигари Тоҷикистон- Душанбе-Ҷиргатол, ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак, Фахробод кушода буда, танҳо ағбаи Хобуробот маҳкам мебошад.
 
 
 

Февраль 23, 2015 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид