Бархурдҳои мусаллаҳона дар Диёлаи Ироқ
Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Муддати чанд рӯз аст, ки дар баъзе вилоятҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон- Тахор, Нангарҳор ва Лағмон аз сабаби боришоти пай дар пайи борону барф 11 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар аз сабаби бемории сахт ба беморхона интиқол дода шудааст. Тибқи иттилои расида, дар вилояти Нангарҳор дар натиҷаи боридани борони зиёд ва омадани сел 4 нафар аъзои як оила ҳалок гардидааст. Кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ танҳо ҷасади як нафарро пайдо карданд.
Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз аз ҷониби кормандони мақомоти қудратии Колумбия ҳангоми амалиёти густурда аз қочоқгарони кишвар дар ҳаҷми 3 тонна маводи мухаддири навъи кокаинро дарёфт намуданд. Гуфта мешавад, ки қочоқгарон маводи мухаддирро дар зарфҳои махсус ҷосозӣ намуда, тасмим доштанд онро ба Мексика интиқол диҳанд. Мувофиқи иттилои расонаҳои дохили кишвар дар Колумбия гурӯҳи қочоқгарони «Лос Усуга» фаъол аст.
Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си дирӯз дар вилояти Диёлаи Ироқ бархурдҳои мусаллаҳона дар байни низомиёни давлатӣ ва ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба вуқуъ омаданд. Ба сохторҳои қудратии Ироқ муяссар шуд, ки ҷангиёни ифротиро аз ду рустои вилоят берун намоянд. Вале баъди фирори ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» онҳо 100 нафар мардро аз наздикии шаҳри Тикрити Ироқ рабуданд. Мувофиқи иттилои расида, дар байни шахсони рабудашуда шаш нафар наврас низ ҳаст.
Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Либия силоҳбадастони номаълум сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, воқеъ дар пойтахти ин кишвар- шаҳри Триполиро мавриди ҳамла қарор доданд. Дар ҳодиса бинои сафорат қисман хароб гардид. Гуфта мешавад, ки зимни амалиёт сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафоратхона қарор надоштааст.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






