Баррасии асноди меъёрӣ ва ҳуқуқӣ дар мизи мудаввар

Февраль 18, 2015 13:18

Душанбе, 18.02.2015 (АМИТ «Ховар»,  Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар Китобхонаи миллӣ мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ доир ба баррасии асноди меъёрӣ ва ҳуқуқии Маркази миллии такмили малакаи кории мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон ба кори худ оғоз намуд. Муовини якуми раиси кумита Мавсума Муинӣ ҳадафи онро муаррифӣ ва баррасии асноди меъёрии ҳуқуқӣ ва заминаҳо вобаста ба ташкили Маркази миллии такмили малакаи кории мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон, инчунин таҳкими заминаҳои амалӣ ва илмию таҳқиқотии сиёсати давлатии ҷавонон арзёбӣ гардид. 
Гуфта шуд, ки мавҷудияти муассисаи махсуси соҳавӣ, барои таъмини кадрии сиёсати ҷавонон, ҷорӣ намудани шаклу усулҳои муосир ва истифодаи самараноки технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти мақомоти давлатии кор бо ҷавонон шароити мусоиди ташкилию методиро  ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ ба таъкиди масъулин ҷиҳати татбиқи ин мақсад таъсиси Маркази миллии омодасозии мутахассисони соҳаи сиёсати ҷавонон саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Дар мизи мудаввар изҳор гардид, ки дар сурати таъсиси Марказ ба ҳалли мушкилоти объективию субъективӣ дар сиёсати кадрӣ заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад. 
Б. Розиқов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ки лоиҳаи барнома ва оинномаи маркази мазкурро муаррифӣ мекард, таъсиси онро дар шароити муосир амри воқеӣ арзёбӣ кард.
Гуфта шуд, ки дар кишварҳои хориҷӣ бо назардошти аҳамияти рӯзмарраи масъала дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳатто ихтисоси «мутахассиси кор бо ҷавонон» ҷорӣ гашта, дар кишварҳои алоҳида, ки теъдоди ҷавонон дар ҳайати аҳолӣ тамоюли афзоиш зоҳир менамояд, сохтору муассисаҳои махсуси таълимию тадқиқотӣ самаранок фаъолият мебаранд.
Дар ин бора Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод.
 

Февраль 18, 2015 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид