Беҳдошти натоиҷи истифодаи замин дар Варзоб
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Чанде пеш дар Ҳукумати ноҳияи Варзоб бахшида ба Соли байналмилалии замин семинар дар мавзӯи «Коҳиш додани хавфи оқибатҳои табиӣ тавассути амалияи устувори истифодаи табиат» баргузор гардид.
Ин чорабинӣ бо ташаббуси Бунёди дастгирии ибтикороти шаҳрвандӣ роҳандозӣ шуда, дар ҳошияи он намоишгоҳи технологияҳои пок доир гардид.
Дар семинар коршиносони варзидаи ҷумҳурӣ дар мавзӯъҳои истифодаи замин, чарогоҳҳо, захираҳои об, таҷдиди манбаъҳои энергия, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, усулҳои мубориза бо ҳашароти зараровар ва бемориҳои дарахтони мевадор ва ғайра гузориш доданд.
Қобили зикр аст, ки созмони экологии Бунёди дастгирии ибтикороти шаҳрвандӣ бо дастгирии техникии СААД аз моҳи сентябри соли 2014 лоиҳаи коҳиш додани равандҳои эрозияи заминро дар амал татбиқ менамояд. Лоиҳаи мазкур дар қитъаҳои ҷамоатҳои Чорбоғ, Лучоб ва Деҳмалики ноҳияи Варзоб дар амал татбиқ мешавад.
Яке аз мақсадҳои муҳими лоиҳа иборат аз шиносоӣ бо фаъолияти судманд дар амри истифодаи замин мебошад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






