Беҳдошти натоиҷи истифодаи замин дар Варзоб

Февраль 2, 2015 11:30

 
            Душанбе,  02.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Назир Назиров).- Чанде  пеш  дар Ҳукумати   ноҳияи  Варзоб  бахшида ба Соли байналмилалии  замин  семинар   дар  мавзӯи  «Коҳиш  додани хавфи оқибатҳои  табиӣ тавассути  амалияи  устувори  истифодаи табиат»  баргузор гардид.
Ин  чорабинӣ  бо  ташаббуси Бунёди  дастгирии  ибтикороти шаҳрвандӣ  роҳандозӣ  шуда,  дар  ҳошияи  он  намоишгоҳи  технологияҳои  пок  доир  гардид. 
Дар  семинар  коршиносони  варзидаи ҷумҳурӣ  дар  мавзӯъҳои  истифодаи  замин,  чарогоҳҳо,  захираҳои об,  таҷдиди  манбаъҳои энергия, коҳиш  додани  хавфи  офатҳои  табиӣ,  усулҳои  мубориза  бо ҳашароти  зараровар  ва  бемориҳои  дарахтони  мевадор  ва  ғайра  гузориш доданд.
Қобили  зикр  аст, ки  созмони  экологии Бунёди  дастгирии  ибтикороти  шаҳрвандӣ бо  дастгирии  техникии СААД  аз  моҳи  сентябри  соли  2014  лоиҳаи  коҳиш додани  равандҳои эрозияи  заминро  дар  амал  татбиқ  менамояд. Лоиҳаи  мазкур  дар қитъаҳои  ҷамоатҳои Чорбоғ,  Лучоб ва Деҳмалики  ноҳияи  Варзоб дар  амал татбиқ  мешавад. 
Яке  аз  мақсадҳои  муҳими  лоиҳа  иборат  аз  шиносоӣ  бо  фаъолияти  судманд дар  амри истифодаи  замин  мебошад.

 

Февраль 2, 2015 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид