Боздиди кории Азим Иброҳим аз «НБО «Роғун»

Февраль 12, 2015 08:49

Душанбе, 12.02.1015. (АМИТ «Ховар»). — 11 феврали соли ҷорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои барқароркуниву сохтмонӣ дар «Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» боздиди корӣ анҷом дод. 
Зимни суҳбат бо роҳбарият ва мутахассисони ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» қайд гардид, ки корҳо тибқи талаботи стандартҳои барои чунин иншоотҳо амалкунанда ба роҳ монда шудааст. 
Таваҷҷуҳи муовини Сарвазир дар майдони сохтмони нерўгоҳ ба масъалаҳои ҷойдошта нигаронида шуда, дастуру роҳнамоиҳои тахассусӣ барои вусъат бахшидани корҳои барқароркуниву сохтмонӣ дода шуд. 
Дар фарҷоми сафар муовини Сарвазири мамлакат бо коршиносон, лоиҳакашону сохтмончиёни ин Нерўгоҳ мулоқоти корӣ баргузор намуда, вобаста ба фаъолияти  минбаъда суҳбатҳои муфассал намуд. 
 

Февраль 12, 2015 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид