Чавгонбозони тоҷик соҳиби гувоҳнома гардиданд

Февраль 16, 2015 13:38

  Душанбе, 16.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-8 нафар чавгонбози тоҷик дар Эрон соҳиби гувоҳнома гардид. 
    Гувоҳномаҳоро ба чавгонбозони тоҷик масъулини Федератсияи варзиш ва ҷавонони Эрон дар маросими тантанавӣ, ки дар он Неъматулло Эмомзода — Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, Абдулҳамиди Аҳмадӣ — мушовири олӣ ва муовини фарҳангии Вазорати варзиши Эрон ҳузур доштанд, тақдим намуданд.
           Дипломати тоҷик ин маросимро барои ҷавонони чавгонбози тоҷик таърихӣ арзёбӣ карда, гуфт: «Барои мо боиси ифтихор аст, ки ду кишвари дӯст — Эрон ва Тоҷикистон дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ бо ҳамдилӣ ҳаракат мекунанд ва бо кумаки бародарони эронӣ тавонистем чавгонро дар миёни аввалин  гурӯҳи ҷавонони тоҷик густариш диҳем ва умедворам, ки дар айёми Наврӯз бо таваҷҷуҳ ба назари Сарвари  давлати Тоҷикистон шоҳиди як бозӣ миёни чавгонбозони ду кишвар бошем».
             Назар ба иттилои Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси фарҳангии тоҷик дар муассисаи фарҳангии ЭКО, Федератсияи чавгони Эрон пешниҳод намудааст, ки дар оянда омӯзиши чавгон барои бонувони тоҷик низ роҳандозӣ шавад ва федератсия дар ин замина ҳамкорӣ хоҳад намуд.
             Бояд тазаккур дод, ки 8 нафар ҷавони тоҷик дар асоси   тафоҳумномаи ҳамкории варзишӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон  муддати 45 рӯз аз устодони варзидаи Эрон нозукиҳои ин бозии бостониро омӯхта ва бар пояи ин тафоҳумнома қарор аст ин бозии қадимӣ дар Тоҷикистон низ эҳё гардад.
 
 
 
 

Февраль 16, 2015 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид