Чорабинӣ ба поси хотири ҷанговарони интернасионалист

Февраль 14, 2015 10:56

Хуҷанд, 14.02.2015. (АМИТ “Ховар”,  Абдуаҳад Шарифзода).-Бахшида ба 26-умин солгарди аз марзи Афғонистон баровардани қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинии хотирмон баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз  шуъбаи ташкилии мақомоти ноҳияи Б.Ғафуров иттилоъ доданд, баҳри пос доштани хотираи ҷанговарон — интернатсионалистон дар ноҳия бо иштироки намояндагон аз макомоти маҳаллӣ, фаъолони ҷамоати шаҳраки Ғафуров ва наздик ба 30 нафар собиқадори ҷанги Афғонистон ва пайвандони афсароне, ки дар ин ҷанг қурбон гаштаанд, чорабинии ёди хотираҳо  доир гашт. 
Иштирокдорони чорабинӣ дар назди лавҳаи ёдгорӣ ба хотираи шаҳидони ҷанги Афғонистон, воқеъ дар дар маркази шаҳраки ҷамоат  лаҳза хотираи ин шаҳидонро пос дошта, гулчамбар гузоштанд. Сипас дар мачлисгоҳи макомоти ноҳиявӣ бо иштироки раиси ноҳия А. Маннонзода чорабинии тантанавӣ баргузор шуда, ба иштирокдорон сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти ноҳия дода шуданд. 

Февраль 14, 2015 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид