Духтарҳо чаро бедарак ғайб мезананд?

Февраль 24, 2015 14:33

Душанбе,24.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 21 феврали соли ҷорӣ ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Дилшодҷон Муллоев, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи маҳалаи 3, муроҷиат намудааст, ки 18 феврали соли 2015, соати 18.40-дақиқа хоҳараш Дилфуза Муллоева, соли таваллудаш 1995, аз хона баромада то ҳол барнагаштааст. Дар ин бора ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад.
Манбаъ ҳамчунин хабар медиҳад, ки  ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қуронтеппа шаҳрванд Гавҳар Акрамова, соли таваллудаш 1971, сокини кӯчаи Айнии шаҳри мазкур бо ҳамин гуна ариза муроҷиат намуда, зикр кардааст, ки 20 феврали соли равон соати 12:00 дақиқа, духтараш Насиба Акрамова, соли таваллудаш 1996 аз хона баромада то ҳол барнагаштааст.
Ҳамин тариқ, ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Истаравшан шаҳрванд Абдуқаҳҳор Ҷабборов, соли таваллудаш 1952,  истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гули Сурх, муроҷиат намудааст, ки 19 феврали соли 2015, соати 10:00-дақиқа набераи ноболиғаш Ганҷинаи Икромзод, соли таваллудаш 1998, аз хона баромада то ҳол бедарак мебошад.
«Барои пайдо намудани шахсони бедарак гумшуда аз ҷониби кормандони милитсия чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд»,- зикр менамояд сарчашма.
 
 
 
 
 
 

Февраль 24, 2015 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд