Душанбе: 600 кг маводи мухаддир сӯзонида шуд
Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти судӣ, прокуратура ва намояндагони ВАО, аз ҷониби комиссияи қабулкунӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва нобуд намудани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифташуда, дар оташдони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиктекстилмаш»-и шаҳри Душанбе наздики 600 килограмм маводи нашъаовар сӯзонида шуд.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки маводи нашъадори мазкур аз рӯи 79 парвандаи ҷиноятӣ, дар асоси қарорҳои судӣ оид ба нобуд кардан аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳарорати 1000 дараҷа гармӣ сӯзонида шуданд.
Аз маводи нашъадори сӯзонидашуда: 37 кг 994 грамми он маводи нашъадори сахттаъсири героин, 57 кг 717 грамми он маводи нашъадори ҳашиш, 461 кг бангдона, 47 бех ниҳоли худрӯйи кӯкнор, 3572 адад хаби нашъаовар (МДМА) ва дигар маводи нашъадору воситаҳои психотропӣ буданд.
«Мавриди зикр аст, ки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар баробари дигар мақомоти қудратии кишвар муборизаи беамон мебаранд. Дар давоми соли 2014 аз гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор 6 тоннаву 213 (2013-6686) кг маводи мухаддир мусодира шуд, ки аз ин миқдор 2 тоннаву 806 (2013-3015) кг ё 45 фоизро мақомоти корҳои дохилӣ дарёфт ва мусодира намудаанд»,-зикр менамояд сарчашма.








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






