Эҳтимолияти авҷи бемориҳои сирояткунанда дар Хатлон

Февраль 5, 2015 10:00

Душанбе, 05.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Сардии ҳаво ҳамасола дар фасли зимистон дар шаҳру ноҳияҳои кӯҳистон, аз ҷумла Норак, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалик ба мушоҳида расида, моҳи январ-феврали соли ҷорӣ низ эҳтимолияти рух додани ҳодисаҳои табиӣ аз ҷониби коршиносон пешгӯӣ мешавад.
Аз рӯйи маълумоти Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят, рӯзи 8-уми январи соли равон дар мавзеи Тоқидараи ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак лағжиши замин (хоктӯда) ба вуқӯъ пайваст, ки ҳаҷми умумии хок 6500 м3 ташкил дода, пеши роҳи дараро баста, дар натиҷа тахминан 5000 м3 об ҷамъ шуда, кӯли сунъӣ ба амал омадааст. Дар ҳолати зиёд шудани ҳаҷми об дар кӯл аз ҳисоби боришоти зиёд хатари кандашавии кӯл ба миён омада, ба аҳолии деҳаи Дӯконии ҷамоати деҳоти Дӯконӣ расидани зиён аз эҳтимол дур нест. 
Ин масъалаҳо дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба Низоми мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ аз рӯйи барномаи «Идораи хавфи офатҳои табиӣ»-и Барномаи рушди СММ чанде пеш мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  бо иштироки Давлатхӯҷа Мирзоев, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят мавриди муҳокима гирифт.
Аз мушоҳидаи мутахассисони обу ҳавосанҷӣ, дар моҳи феврал ҳаво хеле сард омада, ҳаво дар қаламрави вилояти Хатлон то 10 дараҷа хунук ва боришоти зиёди барфу борон, махсусан дар доманакӯҳу баландкӯҳҳо дар назар аст.
Инчунин дар ҷаласа зикр гардид, ки моҳи феврал бо сабабҳои дастрас набудани оби софи нӯшиданӣ барои кӯдакони синни мактабӣ (олуда шудани оби рӯдҳо) ва дар ҳолати риоя накардани беҳдошти шахсӣ, мумкин аст авҷи бемориҳои дарунрав, бемории зардпарвин, сар задани заҳролудшавӣ ҳангоми истифодаи консерваҳои худсоз, помидору бодиринг ва хӯрокҳои тезвайроншаванда дар шароити риоя накардани нигоҳубинии онҳо дар хона ҳангоми қатъи қувваи барқ, афзоиши бемориҳои шадиди роҳи нафас дар ҳолати пасту баландшавии ҳарорати ҳаво ва зиёдшавии намнокӣ ба мушоҳида расад.
 

Февраль 5, 2015 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид