Фазои интихоботӣ дар Рашт гарм аст?
Душанбе, 19.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Фазои омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ, ки 1 марти соли равон таъйин гардидааст, дар минтақаи Рашт гарм аст», мегӯяд Фузайлшо Идиев- раиси Комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботии Рашт №12.
Фузайлшо Идиев афзуд, ки дар ҳавзаи мазкур чор номзад дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ вориди сабқат мегардад.
Инҳо раиси феълии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки дар конфронси якҷояи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ аз гурӯҳи навоҳии минтақаи Рашт пешбарӣ гардидааст, инчунин се номзади худпешбар -Ғазалшо Шеров, аъзои ҲХДТ, Забеҳуллоҳ Эшонов- ҲХДТ ва Абдувалӣ Назаров, аъзои Ҳизби аграрии Тоҷикистон мебошанд.
Ҳавзаи якмандатаи интихоботии Рашт №12 дорои 195 қитъаи овоздиҳӣ буда, дар онҳо барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани интихоботи парлумонӣ тамоми шароитҳо барои раъйдиҳандагон фароҳам оварда шудааст. Дар ҳавзаи мазкур 127 ҳазору 259 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 4 ҳазору 56 нафари онҳо бори нахуст дар интихобот ширкат варзида, ба номзади арзандаи худ раъй хоҳанд дод. Ҳамзамон Фузайлшо Идиев гуфт, ки 17 ҳазору 229 нафар аз ҳавзаи мазкур дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз Тоҷикистон қарор дорад.
Раиси Комиссияи ҳавзавӣ таъкид кард, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии интихобкунандагон маводи тарғиботию ташвиқотӣ паҳн шуда, инчунин барои раисону котибони қитъаҳои интихоботӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд. Мавсуф афзуд, ки аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Рашт №12 нозирони хориҷӣ аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо боздид намуда, ба раванди корҳои омодагӣ ба интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ баҳои қаноатбахш доданд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






