Фирори қочоқбарони афғон дар сарҳад

Февраль 27, 2015 12:33

Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 23 феврали соли равон дар минтақаи яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Отряди сарҳадии «Шӯрообод»-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии воридшавии маводи мухаддир аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи сарҳадбонони қӯшунҳои сарҳадӣ ва кормандони фаврии РКДАМ  ҶТ дар вилояти Хатлон амалиёти муштарак гузаронида шуд.
Қочоқбарони афғон ҳангоми убури ғайри қонунии сарҳади давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуда, сарҳадбонон мувофиқи талаботи оинномаи қӯшунҳои сарҳадӣ рафтор намуда, барои нигоҳ доштани вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ба осмон тир холӣ менамоянд, қочоқбарони афғон ба амри муҳофизони сарҳад итоат накарда, ба онҳо муқобилият нишон медиҳанд. 
Сипас байни сарҳадбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, сарҳадбонони тоҷик аз худ чусту чолокӣ нишон доданд. Дар натиҷа қочоқбарони афғон аз торикии шаб истифода бурда, ба самти Афғонистон фирор намуданд. 
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса як ҷасади қочоқбари афғон бо 10 кг 600 гр афюн, 1 кг 500 гр героин ва як яроқи оташфишони Калашников бо 7 адад тирдон бо тирҳои қутраш 7,62 ва ду адад норинҷак дарёфт шуд. 
Дар айни ҳол нисбат ба ин ҳодиса аз тарафи кормандони РКДАМ  ҶТ дар вилояти Хатлон корҳои тафтишотӣ идома доранд.  
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» маркази матбуоти сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Февраль 27, 2015 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид