Хатлон: 109 ҳодисаи нохуши нақлиётии наврасон

Февраль 5, 2015 09:52

Душанбе, 05.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Дар соли 2014 дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон  аз тарафи кӯдакону  наврасон 109 ҳодисаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 22 нафар ҳалок  ва 92 нафари дигар ҷароҳати гуногун бардошт. Ин нукта зимни маҷлиси Комиссия оид ба таъмини бехатарии ҳаракати роҳҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бештари садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон аз надонистани талаботи оддии  қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо   рух додааст. 
Инчунин сар задани ҳодисаҳои  роҳу нақлиётӣ  пеш аз ҳама, аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт, пиёдагардон,   ҷавобгӯй набудани ҳолати роҳу кӯчаҳо, аломатҳои техникии танзимкунандаи  ҳаракат дар роҳҳо  ба шумор рафта, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи раиси Комиссия оид ба таъмини бехатарии ҳаракати роҳ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят А. Баҳодурзода ба масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳо дода шуданд.
 
 
 
 

Февраль 5, 2015 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид