Хуҷанд: Тақдими гувоҳнома ба беш аз сад нафар

Февраль 3, 2015 10:07

Хуҷанд, 03.02.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази Суғд боз 100 нафар духтару бону курсҳои омӯзишии сохибҳунариро хатм намуд. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” роҳбари бахши суғдии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Фирдавс Ашурматов иттилоъ дод, дирӯз дар маркази шимоли кишвар боз 100 нафар бонувону духтаракон, ки дар маркази омӯзишии дӯзандагиву сӯзанидӯзи, воқеъ  дар бинои китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, пас аз хатми курсҳои соҳибҳунарӣ соҳиби гувоҳнома гардиданд, ки аз шумораи умум ба се нафари онон инчунин мошинаҳои дарздӯзӣ ҳадя  шуд. 
Дар чорабинӣ намояндаи фарҳангии сафорати Эрон дар Хуҷанд Масъуди Аҳмадванд зикр намуд, ки омӯхтани касбу ҳунар барои ҳар як ҷавон асоси пешравию муваффақият, беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодист. Таъкид гардид, ки шахси боҳунар ҳамеша дар ҷомеа соҳиби иззату икром ва мақоми баланд буда, дар пешравию рушди ҷомеа нақши муҳим мегузорад.
Бояд  гуфт, ки чанде қабл беш аз 100 нафар занону духтарони ноҳияҳи Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва шаҳри Чкалов низ соҳиби шаҳодатномаи хатм гардиданд. 

Февраль 3, 2015 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад