Иқдоми пеш аз интихоботии донишҷӯён

Февраль 23, 2015 16:17

Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно  Нусратуллозода).-Ба хотири фаҳмонидани моҳияти маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода -интихобот ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон бо ҷалби 200 нафар донишҷӯи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон имрӯз,  23 феврал  дар маҳаллаҳои аҳолинишини наздикии донишкада ва бозори «Деҳқон» иқдом барпо гардид.
Ба иттилои котиби матбуоти ДМИТ Машҳура Абдуллоева дар иқдом донишҷӯён ба манзили шаҳрвандон ва назди фурӯшандагон рафта, буклету варақаҳои иттилоотиро тақсим намуда, тарзи дуруст пур кардани бюлетенҳои овоздиҳиро нишон доданд. Қобили зикр аст, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ 1 март дар сар то сари ҷумҳурӣ барпо мегардад ва дар он иштироки ҳар як шаҳрванди аз 18 сола боло зарур аст.

Февраль 23, 2015 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид