Ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо дар Белгия

Февраль 16, 2015 14:02

Душанбе, 16.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 13 феврали соли 2015 дар толори бахши бонки “BNP Paribas Fortis” дар шаҳри Намур, пойтахти музофоти Валлонияи Шоҳигарии Белгия таҳти сарпарастии шаҳрдории шаҳри Намур ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих”, ки аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Белгия созмон дода шуд, баргузор гардид. Намур бародаршаҳри Кӯлоб мебошад. Намоишгоҳи мазкур, ки то 26 феврал давом дорад, дар чаҳорчӯби рушди ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Тоҷикистон ва Белгия ташкил  шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо шахсони расмии ш.Намур ва музофоти Валлонияи Шоҳигарии Белгия, роҳбарият ва профессорони Донишгоҳи Намур ва муассисаҳои таҳсилоти олии шоҳигарӣ, олимон, фарҳангшиносон, шарқшиносон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ шаҳрдори Намур Максим Прево ба муносибати ифтитоҳи ин намоишгоҳи ҷолиби аксҳо тазаккур дод, ки он ба тавсеаи робитаҳои фарҳангии Белгияву Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад кард.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев дар бораи таърихи куҳан ва фарҳангу санъати бойи тоҷикон, ки дар аксҳои рангини ба маърази тамошо гузошташуда инъикос ёфтаанд, маълумот дод. Сафири Тоҷикистон инчунин ба ҷамъомадагон перомуни дастовардҳои кишвари худ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ тайи солҳои истиқлолият нақл намуд.
Профессори Донишгоҳи Лювени Шоҳигарии Белгия Александр Тоуроветс таъкид намуд, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги туристӣ аст ва ҳамватанонашро барои сафари хотирмон ба мавзеъҳои нодири фарҳангию таърихии ин мамлакати хушманзараву офтобӣ даъват кард.
 
 
 
 
 

Февраль 16, 2015 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид