Интихоби нодурусти кадрҳо- сабаби даст задан ба ҷиноят

Февраль 16, 2015 11:06

Душанбе, 16.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҳафтаи гузашта вохӯрӣ намуданд.  
Дар мулоқот маълум шуд, ки вазъи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз тарафи кормандон ва шахсони масъули корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи ин мақомот дар давраи таҳлилӣ низ кам нагаштааст, ки ҳолати мазкур ташвишовар мебошад. 
Тибқи иттилои Агентии коррупсия, дар соли 2014 аз ҷониби кормандони масъули мақомоти мазкур 9 ҷинояти коррупсионӣ бо ҷурми азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, қаллобӣ, гирифтани пора ва хунукназарӣ содир   шудааст.  
Омӯзиш ва таҳлили хавфҳои коррупсия нишон дод, ки яке аз сабабҳои содиркунии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони масъул- ин интихоб ва ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва дар сатҳи паст қарор доштани савияи дониши ҳуқуқии онҳо мебошад.   
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сабаби дигари ба ҷиноят даст задани кормандони масъули ин минтақаро дар дуруст ба роҳ намондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ арзёбӣ намуданд.   

Февраль 16, 2015 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад