Кӯлоб барои баргузории интихобот омодааст

Февраль 24, 2015 10:47

Душанбе, 24.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 1 марти соли равон таъйин гардидааст,  дар шаҳри Кӯлоб дар сатҳи баланд аст, мегӯяд Давлатшо Шарофиддинов, раиси ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37.  
Тавре ки Давлатшо Шарофиддинов иттилоъ дод, дар маҷмӯъ, дар ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37  97 ҳазору 536 нафар раъйдиҳанда сабт шудааст, ки аз ин шумора 1 ҳазору 565 нафари онҳо бори нахуст дар интихобот ширкат варзида,  ба номзади арзандаи худ раъй хоҳанд дод.
Давлатшо Шарофиддинов таъкид кард, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  интихобкунандагон маводи тарғиботию ташвиқотӣ паҳн шуда, бо дастурамал ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимӣ таъминанд. Метавон гуфт, ки тамоми участкаҳои интихоботии воқеъ дар ҳавзаи Кӯлоб барои баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодаанд.
 
 
 
 
 

Февраль 24, 2015 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид