Кӯлоб: Шиносоии ҳайати корӣ бо корҳои сохтмонӣ

Февраль 6, 2015 08:16

  Кӯлоб, 06.02.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва бунёду барқарорсозии иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 700-солагии мутафаккири Машриқзамин Мирсаид Алии Хамадонӣ, 70- солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ва пойтахти  фарҳангии ИДМ эълон шудани шаҳри Кӯлоб гурӯҳи кории Ҳукумати ҶТ бо роҳбарии  раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмонӣ Абдувалӣ Комилзода ва директори Институти лоиҳакашии сохтмони асосии назди Ҳукумати ҶТ  Абдуҷалол Ахмедов аз иншооти бунёдшаванда дидан карданд. 
Ҳайати гурӯҳи корӣ ҳамчунин  бо раванди  корҳои ободонию созандагии Боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр, сохтмони ҳавзи шиноварӣ дар маҳаллаи Ш.Шоҳин ва бинои истиқоматӣ дар хиёбони Исмоилии Сомонӣ шинос шуда, ба масъулин дастур доданд, то дар сохтмон ба саҳлангорию бепарвоӣ роҳ надода, истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмониро ба роҳ монанд.

Февраль 6, 2015 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид