КДАМ ҶТ: задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Февраль 27, 2015 12:34

Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Шаби 21 ба 22 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик ҳодисаи ғайриқонунии вайрон намудани хати сарҳад ба  қайд гирифта шуд. Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар яке аз дидбонгоҳҳои зери тобеияти отряди сарҳадии «Ишкошим» дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон сарҳадбонони тоҷик бо як гурӯҳи номаълуми қочоқбарони афғон, ки сарҳади давлатии Тоҷикистонро мехостанд ғайриқонунӣ убур намоянд, рӯ ба рӯ шуда, байни сарҳадбонони тоҷик ва вайронкунандагони хати сарҳад задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст, дар натиҷаи ин задухӯрд қочоқбарони афғон ба амалҳои сарҳадбонони тоҷик тоб наоварда, аз торикии шаб истифода бурда, ба тарафи Афғонистон баргаштанд. 
Зимни азназаргузаронии ҷои ҳодиса 1 адад силоҳи АКМ-7.62 бо тирдон, 4 кг маводи мухаддири ҳашиш ва 1 адад камераи резинӣ дарёфт гардида, аз рӯи ҳодиса тафтиш идома дорад. 

Февраль 27, 2015 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид