Консерти «Дӯстии абадӣ»

Февраль 6, 2015 15:17

Душанбе,  06.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Анна  Мошенко).- 5  феврал  дар  шаҳри  Душанбе консерти  муштараки «Дӯстии абадӣ» — и  ҳунарпешагони Тоҷикистону Чин  баргузор гардид.
Ин  чорабинӣ бо  ибтикори   сафорати  ҶМЧ  дар  ҶТ,  Вазорати  фарҳанг  ва  Маркази  фарҳангии «Конфутсий»  — и  назди  Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон  роҳандозӣ  шуд. 
Сафири Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  Фан Сянжун ҳозиронро хайрамақдам  гуфта, зикр  намуд, ки иштироки  теъдоди  зиёди  тамошобинон дар консерт далели  фарҳанги  Чинро эҳтирому  пос  доштани  халқи  тоҷик  аст.  «Соли нави  Чин дар  яке  аз  рӯзҳои  аз 21  январ  то  21  феврал оғоз  меёбад, ки  консерти  имрӯзаамон  маҳз  ба  ҳамин  сана  бахшида шудааст», — гуфт  сафир.
Сафир зикр  намуд, ки Чину  Тоҷикистон  фарҳанги ғанӣ ва таърихи тӯлонӣ дошта, Ҳукумати  Чин  барои  таълими  донишҷӯёни  Тоҷикистон  дар  ҶМЧ ҳамаи  шароити  муфидро  фароҳам  меорад. 
Дар  консерт ҳунарпешагони тоҷик  Фахриддини  Малик,  Меҳринигори  Рустам, Тобиш  Ҳилолӣ, Содиқ  Наллоев ва  Шарофат  Усмонова,  ҳамчунин  муаллимону  донишҷӯёни  муҳассили Маркази  фарҳангии «Конфутсий»  ҳунарнамоӣ  карданд. 

Февраль 6, 2015 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид