Курси байналмилалии КФО дар Хуҷанд

Февраль 23, 2015 10:03

 
Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Аз 3-юм то 15-уми марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд курси байналмилалии Конфедератсияи футболи Осиё оид ба барномаи мураббигии дараҷаи «С» доир мегардад.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, курси мазкурро ҷонишини директори шуъбаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба маълумоти мураббигӣ Боир Игамбердиев роҳбарӣ мекунад.
Барои иштирок   дар курс 27 нафар шунаванда номнавис шудааст, ки инҳо: Фаррух Бердиев, Ғайратҷон Нозимов, Бурҳонхӯҷа Баҳодуров, Аким Айдаров, Шарифҷон Зиёев, Маҳкамҷон Маҳкамов, Баҳриддин Сангинов, Аҳлиддин Юнусов, Анварҷон Шукуров, Маҳмадраҷаб Шарипов, Мансур Сангинов, Муродҷон Саломов, Сӯҳробҷон Сабуров, Руслан Раҳматов, Алишер Полвонов, Асатулло Нуруллоев, Зубайдулло Нуров, Фаррух Марофиев, Бахтиёр Холиқов, Ҷовидон  Ҳасанов, Дилором Нусратуллоева, Зафарҷон Хотамов, Камолҷон Ҳакимов, Алишер Фозилов, Қобилҷон Умаров, Дилшод Аҳатов ва Дилшод Абдуллоев мебошанд.
Барномаи 14-рӯзаи курс аз машғулиятҳои амаливу назариявӣ иборат аст. Баъди анҷоми курс шунавандагони барнома соҳиби сертификат оид ба иштирок дар курс ва муҷаввизи мураббигии дараҷаи «С»-и Конфедератсияи футболи Осиё мешаванд.

 

Февраль 23, 2015 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид