М. Убайдуллоев муроҷиати вазоратро ҷонибдорӣ кард

Февраль 17, 2015 15:39

 
               Душанбе, 17.02.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе муроҷиати Вазорати кишоварзии ҷумҳуриро  дар мавриди ташкили ярмаркаи фурӯши  ниҳол, кӯчати гул ва тухми зироатҳо дар пойтахт ҷонибдорӣ карда, қарори марбута ба тасвиб расонд. Дар иртибот ба ин рӯзҳои 21-22 феврали соли равон аз соати 8:00 то 17:00 дар ҳудуди таваққуфгоҳи назди Маҷмааи савдои “Пойтахт-90” ярмаркаи фурӯши ниҳол, кӯчати гул ва тухми зироатҳо созмон дода мешавад. 
           Дар асоси қарори мазкур раиси шаҳр ба масъулини ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт,  Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбутаи пойтахт  супориш додааст, ки бобати дар баланд гузаронидани чорабинии мазкур тадбирҳои муассир андешанд.
 
 

Февраль 17, 2015 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид