Мафкураи зидддикоррупсиониро баланд бардорем
Душанбе, 14.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар соли 2014 аз ҷониби кормандони масъул ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе 8 ҷинояти коррупсионӣ содир шудааст.
Ин масъала дар вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки 11 феврал дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки кормандони масъул ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ худ даст ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ задаанд. Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки сабаби асосии содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани савияи дониши ҳуқуқии кормандон ва надонистани қонунгузории зиддикоррупсионӣ мебошад.
Омили дигари ба содиркунии ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда- ин дар сатҳи кофӣ ба роҳ намондани назорати дохилиидоравӣ аз болои зердастон мебошад.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрии мазкурро саривақтӣ ва зарур шуморида, зикр кард, ки дар оянда ҳамкориҳои судманд дар самти пешгирии коррупсия ба роҳ монда шуда, баҳри баланд бардоштани мафкураи зидддикоррупсионӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






