Машварати корӣ бо иштироки Муродалӣ Алимардон

Февраль 23, 2015 13:58

Хуҷанд, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-20 феврал дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  таҳти роҳбарии муовини Сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон машварати корӣ  доир гашт. Дар он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъулини соҳаи кишоварзии вилоят иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар машварат оид ба амалишавии дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар вилоят ва дар ин раванд соли гузашта  ноил шудани меҳнаткашони вилоят ба дастоварҳои назаррас ёдовар шуд.
Муовини раиси вилояти Суғд Аҳмадҷон Қобилов зикр кард, ки соли гузашта дар раванди пешбурди соҳаи кишоварзӣ  дар қаламрави вилоят 2 932 хоҷагии калонҳаҷми кишоварзӣ мавриди таҷдид қарор гирифта, 36 ҳазор хоҷагии деҳқонии навтаъсис  созмон дода шуд.
Муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон аз дастоварҳои шоистаи мардуми вилояти Суғд  дар соли гузашта ва таҷрибаи ғании кормандони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят  ёдрас шуда, зикр намуд, ки  ҳадафи асосии сафари гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ на дарёфти камбудӣ ё танқид, балки  расонидани кумаки методӣ, таҳлили вазъи воқеии иқтисодиёти вилоят ва дарёфти роҳҳои беҳтар намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ мебошад.

Февраль 23, 2015 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид