Масъулияти оила дар назди ҷомеа

Февраль 2, 2015 11:29

Душанбе, 2.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Ҳафтаи гузашта дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли оила эълон шудани соли 2015 дар мавзӯи «Масъулияти оила дар назди ҷомеа» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар занони фаъоли шаҳри Душанбе ширкат намуданд. Кори мизи мудавварро раиси кумита Махфират Хидирзода ифтитоҳ намуда, мақсади баргузории онро ба иштирокчиён равшан намуд. 
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, баромадкунандагон атрофи мавзӯъҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли оила эълон гаштани соли 2015, таҳкими пояҳои оиладорӣ, пешгирии никоҳҳои хешутаборӣ, муоинаи тиббии пешазникоҳии издивоҷкунандагон ва боло бурдани маърифати оиладории ҷавонон суханрониҳо намуданд.
Аксарияти кулли иштирокчиён таклифҳои дар Паём садо додаро ба хушнудӣ пазируфта, иҷрои онҳоро ҳамчун амалҳои зарурию саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
 
 
 

Февраль 2, 2015 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад