Масъулияти оила дар назди ҷомеа
Душанбе, 2.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи гузашта дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли оила эълон шудани соли 2015 дар мавзӯи «Масъулияти оила дар назди ҷомеа» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар занони фаъоли шаҳри Душанбе ширкат намуданд. Кори мизи мудавварро раиси кумита Махфират Хидирзода ифтитоҳ намуда, мақсади баргузории онро ба иштирокчиён равшан намуд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, баромадкунандагон атрофи мавзӯъҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли оила эълон гаштани соли 2015, таҳкими пояҳои оиладорӣ, пешгирии никоҳҳои хешутаборӣ, муоинаи тиббии пешазникоҳии издивоҷкунандагон ва боло бурдани маърифати оиладории ҷавонон суханрониҳо намуданд.
Аксарияти кулли иштирокчиён таклифҳои дар Паём садо додаро ба хушнудӣ пазируфта, иҷрои онҳоро ҳамчун амалҳои зарурию саривақтӣ арзёбӣ намуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






