Мотами умумӣ дар Миср

Февраль 16, 2015 15:29

     Душанбе,17.02.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Шаби гузашта гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Либия бо нашри як навори видеоӣ аз сар буридани 21 коргари мисрии масеҳӣ хабар дод. Раиси ҷумҳурии Миср Абдулфаттоҳи Сисӣ эълом кардааст,  ки дар замони муносиб ба ин амали номатлуби  гурӯҳи «Давлати исломӣ» посух хоҳад дод. Гуфта мешавад, ки ин шаҳрвандони мисрӣ тақрибан ду моҳ қабл дар шимоли Либия аз сӯи ин гурӯҳ рабуда шуданд. 
Донишгоҳи Ал-Азҳар низ бо «ваҳшиёна» хондани ин иқдом эълом кард, ки чунин амал рабте ба ҳеҷ яке аз адён ва ё арзишҳои инсонӣ надорад. Дар ҳамин ҳол ҳукумати Миср ба ёдбуди ин кушташудагон як ҳафта мотами умумӣ эълон кардааст. 
 
       Душанбе,17.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Ройтерз, раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама  қатли се ҷавони мусулмони  кишварро дар иёлати Королинаи Шимоли Амрико қатли бераҳмона номида  ва гуфт: «Ҳеч кас дар Иёлоти Муттаҳида набояд ба хотири динаш мавриди ҳадаф қарор гирад».
Қобили зикр аст, ки се ҷавони мусулмон ҳафтаи равон дар иёлати Каролинаи Шимолӣ аз сӯи як ҳамсояи худ  марди сафедпӯст Крейг Ҳикси 46-сола бо зарби тир кушта шуданд. 
 
   Душанбе,17.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар вилояти Каписои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон миёни кормандони сохторҳои қудратии кишвар ва ҷангиёни ҳаракати «Толибон» даргирии шадид ба амал омад. То кунун дар бораи фавти ду ҷониб маълумоти дақиқ дода нашудааст. Бояд гуфт, ки дар вақти ҳодисаи  мусаллаҳона 15 сокини маҳаллӣ низ захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар байни захмиён кӯдакон ва занон низ ҳастанд. 
 
  Душанбе,17.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи  равон як силсила кишварҳои хориҷӣ Олмон, Италия ва Арабистони Сауди сафирони худро аз сабаби мураккаб гардидани вазъияти сиёсӣ дар Яман ба ватан бозпас хонданд. Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл кишварҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир ва Фаронса низ фаъолияти сафоратхонаҳои худро дар Яман вобаста ба афзоиши сатҳи ҳамлаву амалҳои террористӣ қатъ карданд.
 
 

Февраль 16, 2015 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид