Муҳокимаи фаъолияти JICA дар Тоҷикистон

Февраль 10, 2015 11:12

Душанбе, 10.02.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- 9  феврал  дар  шаҳри  Душанбе  мулоқоти  вазири   рушди  иқтисод  ва  савдои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Неъматулло  Ҳикматуллозода бо  ноиби  президенти Агентии  ҳамкории  байналмилалии  Ҷопон (JICA) Киёши  Кодера баргузор гардид. 
Киёши Кодера  Неъматулло  Ҳикматуллозодаро   ба  муносибати  таъйин  шуданаш ба  мансаби  вазири  рушди  иқтисод ва  савдо  муборакбод  карда, мақсадҳои  асосии  сафарашро  дар  мавриди  мҳоқимаи  фаъолияти JICA дар  Тоҷикистон ва таъсири   омилҳои  хориҷӣ  ба  иқтисодиёти кишвар  баён  намуд. 
Неъматулло  Ҳикматуллозода  аз рушди ҳамкории  мутақобилан  муфиди  байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Ҷопон  изҳори  қаноатмандӣ  кард.
Мусоҳибон перомуни  ҳамкории  минбаъда,  тарҳрезии Стратегияи  нави  JICA  нисбат ба  Тоҷикистон,  вазъи  иқтисодии  кишвар  ва  омилҳои   рушду  густариш  иқтисодиёти  мутақобила, равобити  иқтисодии  хориҷӣ ва  татбиқи   лоиҳаҳои  муштарак  табодули  афкор  намуданд.
Дар  ин  бора  аз хадамоти  матбуоти   Вазорати рушди  иқтисод ва  савдои  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.

Февраль 10, 2015 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид